ЭРОТИКА ДАР АШЪОРИ ШОИРОНИ КЛАССИК
- Чист пинҳон зери домони ту, эй нозукбадан? - Нақши сумми оҳуи Чин аст дар мулки Хутан… Исфандиёри Назар дар идомаи баҳси шеъри "Оргазм”-и Орзу Исоев мисолҳои зиёди "берун аз ахлоқ”-ро аз шоирони классик овардааст.
Шоири тоҷики муқими Олмон Исфандиёри Назар дар матлабе бо номи "Орзу шоир аст” дар саҳифаи "Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” дар шабакаи Фейсбук навиштааст, Орзу Исоев бо онки дар шеъри ахираш калимаи "оргазм”-ро ба кор бурда, "беодобӣ”-е накардааст.
Исфандиёри Назар навиштааст, дар дар гурӯҳи мухолифони ин шеър аст ва на дар гурӯҳи ҳаводоронаш, вале барои як калима бо ин шоир дарафтодани "аҳли адабу шарму ҳаё”-ро қабул надорад.
Исфандиёри Назар дар ин матлаб дар тақвияти фикраш мисолҳои фаровони истифодаи мазмуну ташбеҳҳои эротикиро аз адабиёти классикии форсу тоҷик низ овардааст, ки ин намунаҳоро инҷо метавонед бихонед:
. Ҳоло суол ин аст, ки он калимаи хориҷӣ, ки ин ҳама аз он бадамон омадааст, берун аз ҳаёти кадом инсон аст? Магар намунаи "баду бадтар” аз ин калимаву аз чунин гуфторҳоро адабиёти қадимии мо кам дорад? Кӣ гуфта, ки масалан Сӯзании Сама рқандӣ, ки девонаш пур аз дашному фаҳшиёт ҳаст, он ҳамаро барои сандуқи хонааш ё барои кисаи худ навиштаву нигоҳ медошта? Ва кӣ иддаъо дорад, ки "Орифнома”-и Эраҷ Мирзо на барои хонанда, барои худи ӯву маҳфили дӯстонаш суруда шудааст? Аз чопи девони Эраҷ, ки маснавии "Орифнома” бо он ҳама абёти факоҳиву фаҳш пур асту айни замон ҷанбаи баланди интиқодӣ, фошкунӣ, роҳнамоӣ. -ро дораду дар он мундариҷ аст, даҳ сол нагузаштааст! Дар осоре бузургони пешин, ки мо фикр мекунем каломашон ҳама панду насиҳат аст, намунаҳои фаровони "берун аз ахлоқ” вуҷуд дорад. Ба чи касе аз хонандаи имрӯз, ки мард бошад ё зан, теъдоде ғазалҳои "ошиқӣ-орифона”-и бо радифи "эй писар” сурудаи Ҳаким Саноӣ хуш меояд? Дуруст, ман ҳам медонаму муътаризони ин калому он шеъри Орзу низ медонанд, ки он абёт дар ҷомаи зеботаре, дар каломи дилкаштаре суруда шудаанд, монанди ин муҳовара, ки миёни Нодираи Андиҷонӣ ва Умархон – волии Қӯқанд сурат гирифтааст:
- Чист пинҳон зери домони ту, эй нозукбадан? - Нақши сумми оҳуи Чин аст дар мулки Хутан. - Гар расад пайки сабо андар даҳони танги ӯ, - Қатра-қатра мечакад лаъли Бадахшон дар Яман.
Ин як суолу ҷавоби ошкоро фаҳш аст, аммо касе аз муътаризони ҳозир ба он эрод намегирад, чун дар либоси беҳтаре пинҳону ороста шудааст. Ё ин рубоъии Меҳрӣ – надимаи Гавҳаршодбегим, завҷаи Шоҳрухмирзо ибни Темур аст ва шавҳараш Хоҷа Абдулазиз табиби хосси Шоҳрух, ки бо ишора ба пирии шавҳараш гуфтааст:
Дар хонаи ту ончи маро шояд, нест, Банде зи дили рамида бикшояд, нест. Гӯӣ, ҳама чиз дорам аз молу манол, Оре, ҳама ҳаст, ончи мебояд, нест.
Ва низ аз ҳамин шоира аст, ки барои шавҳараш гуфта:
Маро бо ту сари ёрӣ намондаст, Дили меҳру вафодорӣ намондаст. Туро аз заъфи пирӣ қуввату зӯр, Чунон ки пой бардорӣ, намондаст .
Ва низ марқум аст, ки: " Боре Меҳриро ба иттиҳоми гуноҳе ҳабс карда, дар пояш кунда заданд. Дар он маврид гуфта:
Шаҳ кунда ниҳода сарви симинтанро, З-ин воқиъа шеван аст марду занро. Афсӯс, ки дар кунда бихоҳад фарсуд, Пое ки душоха буд сад гарданро.”
Оре, ин ҳама ошкорогӯйиҳо ва он ҳам бо қалами занони шоир, дар адабиёт кам нест ва дуруст, дар ҷомаи лутфу зебоии баён. Метавонам намунаҳои фаровонро мисол оварам, аммо чи зарурат? Воқеият ин аст, ки то падид омадани "Адабиёти Шӯравӣ” озодии баён, махсусан дар адабиёти форсӣ ва арабӣ, дар ҳадди аълои худ буд ва гуфтори Сӯзанӣ ё Убайди Зоконӣ ҳеч "беадабӣ” ҳам шумурда нашуда ва баръакс, дар бисёр маворид (масалан гуфтаҳои Убайди Зоконӣ” ҷасорати адабӣ шумурда мешуданд. Бифармоед, ин гуфтаи Убайди Зоконӣ аз "Рисолаи сад панд” бодабонатар аз вожаи овардаи Орзуст: "Саъй кунед шайхзодагонро (ё: сайидзодагонро – ёдам нест) то рафтанашон ба Ҳаҷ карда бошед!” Ё муҳовараи он ду пир бар сари манораи масҷиде, ки сари субҳ ба кори зишт машғул буданду яке гуфт: Афсӯс, шаҳри мо хароб аст. Дигаре гуфт: Чун пиронаш ману ту бошем, хароб хоҳад буд. (мазмунан )” Фақат дар "Адабиёти шӯравӣ” аз гуфтани чунин калом ва иншову интишори чунин калом пешгирӣ шуд. Чунин гуфтаву сурудаҳо "бадахлоқӣ” номида шуд. Дуруст, аз диди ислом низ забони баду фаҳҳошӣ накуҳиш шудаву мамнуъ аст, аммо шоирону адибони пешин на танҳо вобаста ба завқи хеш, боз бо талаби амирону шоҳон, ки "мусулмон” буданд, ба гуфтани чунин каломи ракик ба хотири хушҳолии худ вомедоштанд. Ҳадафи ман на интиқоди гузаштаву на пуштибонӣ аз Орзу мебошад. Ҳадафи ман нигариш ба наҳваи бархурди мо ба ҳаводиси атрофи мост. Эрод гирифтан ба кори як сохтмончӣ ё як наҷҷор ё як устои барқ ё. аз тарафи як раҳгузаре, ки аҳли чунин корҳо набошаду бӯйе аз чунин корҳо набурда бошад, ситам кардан ба он пеша ва дашном ба устодкори он аст. Ҳамин тавр, бе он, ки аз кунҳи масъала бохабар бошем, дар баробари шеъри шоире, фақат ба хотири "аз гала” намондану "думу гӯшбурида” нашудан. ситам ба шеъру ба шоир аст. Фақат ба хотири овардани як калима, ки ба мазоқи мо, ба дилхоҳи мо набудааст, бояд Орзуро шоир нест бигӯем ва ҳарчи дашном дорем бар сараш биборем? ..
Шеъри "Оргазм”, ки шоир ва таронанависи тоҷик Орзу Исоев се рӯз пеш дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, баҳсҳои гармеро дар Интернет ба по кардааст. Як гурӯҳ аз Орзу Исоев барои чунин "густохона” ба риштаи тасвир даровардани ин ҳолати ниҳояти эҳсосоти шаҳвонӣ ситоиш кардаанд, вале гурӯҳи дигар гуфтаанд, чунин бараҳнагӯӣ ба шеъри тоҷикӣ, ки дар тӯли асрҳо дар чорчӯби меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқӣ гуфта мешуд, намезебад.
Эроди аксар ба мисраи охири ин шеър буд, ки дар он вожаи "оргазм” (авҷи эҳсосоти шаҳвонӣ) истифода шуда буд:
Ваҳ, чӣ зебо шакл мегирӣ Дар паноҳи дастҳои назм, Бо хаёлам ишқ меварзӣ То ба авҷи лаҳзаи оргазм*!
Орзу Исоев дар лобалои ин баҳсҳо бо ситоиш аз шоири тоҷик Адибаи Азиз , ки аз ӯ пуштибонӣ кард, ин шеърро навишт:
Ману ту раҳмати борони раҳем, Ману ту замзамасози нигаҳем. Ману ту дар ҳарами тираи шаб Ду нафар-шукргузорони маҳем! Ману ту- мартабазебем, вале Ҳабс дар зулмати беранги чаҳем. Байни ин кӯҳнадилу кӯҳнагадо Ману ту дар садади ишқ шаҳем!
Адибаи Азиз бадоҳатан бо як шеър ба Орзуи Исоев посух додааст:
Ману Ту пой ба гил.
Ману ту пой ба гил дар гунаҳем? Фақат олуда ба ранги сияҳем? Чатр бардор, маро биме нест, Зери борони муҳаббат панаҳем! Осмон абриву хокистарӣ шуд, Раъду барқем суроғи шабаҳем. Ҳарфи мо сахт табӯ аст, вале Масти ишқему гулобу қадаҳем. Орзу ғусса махӯр, ранҷ мабар, Мо аз ин сангзаниҳо бираҳем.